Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото

Шарҳи Раёсати оташнишонӣ аз таркиши балони газ дар Душанбе

267
Дар натиҷаи таркиш 4 нафар маҷрӯҳ гардида, феълан зери назорати табибон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе ҳодисаи таркиши балони газ дар маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанберо, ки дар натиҷа чаҳор тан ҷароҳат бордоштанд, тавзеҳ додааст.

Оҷонсии "Ховар" дар истинод ба раёсати оташнишонӣ менависад, ки ҳодиса имрӯз, 4 декабр тақрибан соатҳои 13:25 дар назди мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои навъи “Хенкук”, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи таркиш шаҳрвандон Бедилов Хуҷа, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, бинои 29, хонаи 4, Шарипов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 367, Шоев Сабзалӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сурхоб, хонаи 372 ва Ёраков Парвиз, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Пахтакор осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳолати саломатии номбурдагон муътадил буда, зери назорати табибон қарор доранд.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

267
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар

63 соли имомати Оқохони IV: исмоилиён ид доранд-акс

93
Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз 11 июл 63-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Шоҳ Карим ал Ҳусайниро таҷлил доранд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуд.

Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад, дар баробари ҳаммазҳабонашон аз нуқоти гуногуни ҷаҳон 11 июлро ҳамчун Рӯзи Имомат таҷлил мекунанд.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки исмоилиёни Тоҷикистон асосан дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мегарданд. Чун хизмат ба ҷамоатро исмоилиён аз арзишҳои аслии ҳаётии худ медонанд, дар ин рӯз бисёри хизматрасониҳо дар навоҳии ВМКБ, аз ҷумла мусофирбарию дигар намуди хадамот ройгон сурат мегиранд.

Кумаки Ожонси Оқохон барои мубориза бо COVID-19 дар Суғду Хатлон-аксҳо

Дар шароити пандемия таҷлили рӯзи Имомат низ бо бархе тағйирот амалӣ мешавад ва бисёри чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн баргузор мешаванд. Аз ҷумла созмони Нур дар Русия эълон кард, ки дар шароити маҳдудиятҳои марбути пандемия бархе чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн сурат мегиранд.

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

93
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Дархости Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2020 дар Душанбе

65
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.

Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.

 

65
Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

0
(Таҷдидшуда 12:34 11.07.2020)
Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия пешгӯии хушбинонаро барои  барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Парвози хатсайрҳои мусофирбари ба минтақаҳои сайёҳие, ки маъмулан мардуми рус ба он таваҷҷуҳ доранд, дар гумон аст пеш аз  охири моҳи сентябр - октябр барқарор шавад,  гуфт  Мая Ломидзе, директори иҷроияи Анҷумани ташкилотҳои сайёҳии Русия (ATOR) зимни суҳбаташ дар эфири радиои "Говорит Москва".

Мая Ломидзе изҳор доштааст, ки пешгӯии аз ҳама хушбинона авохири моҳи сентябр – октябр хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, дар навбати аввал, интиқол ба ҷойҳои маъмултарини туристӣ дубора барқарор карда мешавад.

Вай илова намуд, ки набояд дар илова ба ҳодисаҳои рухдода асабонияти худро зиёд кард.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар соли 2020 ба ҳеҷ ҷо парвоз нахоҳем кард. Албатта, ин саволест, ки ҳама ҳам сайёҳон ва ҳам соҳаи туризм мепурсанд. Ин як саволи муҳим аст, вақте имконпазир мешавад мо на танҳо шаҳрвандони худро фиристем, балки шаҳрвандони хориҷиро низ қабул мекунем".

Ба гуфтаи вай, бояд дарк кард, ки вазъ хеле зуд тағир меёбад.

Ломидзе ёдовар шуд, ки Хорватия охири моҳи июн боз шуд, дар моҳи май Туркия эълом дошт, ки барои қабули шаҳрвандони Русия омода аст.

"Булғория омодагии худро барои қабули шаҳрвандони Русия эълом кард. Ҳама эҳсос доштанд, ки фавран, агар пагоҳ набошад, пас аз фардо, мо ба баъзе кишварҳо парвозро оғоз хоҳем кард" Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ.

Вай афзуд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон бадтар шавад, маҳдудияти кушодани сарҳадҳо метавонад тамдид ёбад. Бар асоси пешгӯиҳо, равуои байналмилалӣ танҳо дар моҳи декабр дубора барқарор мешавад.

"Ҳоло мо медонем, ки кушодашавии парвозҳо ба ягон минтақаи сайёҳӣ то охиримоҳи июл мӯъҷиза хоҳад буд, ва дар гумон аст. 99 фоиз - не. Август сахт зери суол аст" гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

 

0