Преступник за решеткой

Дуздии бештар аз 6 ҳазор сомонӣ ошкор шуд: боздошти писараки 15-сола дар Кӯлоб

347
Муттаҳам зӯҳри 4 декабр вориди як сокини шаҳр гардида, аз он ҷо бештар аз 5 ҳазор сомониро рабудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Навраси 15-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД шаҳри Кӯлоб як сокини шаҳр шикоят бурдааст, ки аз манзилаш маблағи калонеро дуздидаанд.

"Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 14:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 6200-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - менависад ВУД.

Кормандони вазорати умури дохила ҳангоми бозҷӯӣ писараки 15-сола, сокини шаҳри  Кӯлобро ба иттиҳоми дуздӣ дастгир кардаанд.

Тафтиши қазия идома дорад.

347