Арест, архивное фото

Заминфурӯшӣ дар Панҷакент: 37 ҳазор сомонӣ гирифту ба ваъдааш вафо накард

185
Муттаҳам аз як сокини шаҳр маблағи зиёд гирифта, бар ивазаш замини наздиҳавлигӣ ваъда кардааст. Милисаҳои Панҷакент ӯро ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Панҷакент марде ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони ниҳод дар ин шаҳр ҳангоми чораҳои оперативӣ марди 35-солаеро, ки сокини ҷамоати деҳоти Косатарош будааст, дастгир кардаанд.

Мард ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, менависад манбаъ.

"Тафтишот муайян намуд, ки ӯ 14-уми апрели соли 2018, бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи шаҳри зикргардида даромада, аз ӯ 37 000-сомониро гирифта ваъда додааст, ки аз мавзеи Мармари ҳамин ҷамоат, қитъаи замини назди ҳавлигӣ дар масоҳати 0,8 га, гирифта медиҳад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

185