Сироджиддин Мухриддин, архивное фото.

Тоҷикистон ба САҲА: аз сиёсати меъёрҳои духӯра худдорӣ намоед

250
(Таҷдидшуда 15:51 07.12.2018)
Дар шаҳри Милани Италия ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлоси 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ширкат намуд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.  Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ аз иштирокчиёни ҷаласаи САҲА даъват намуд, ки аз сиёсати меъёрҳои духӯра дар баррасии мушкилоти ҳалталаби рӯз худдорӣ намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

“Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба қазияи коҳиши эътимод миёни кишварҳои Созмон, ҷиҳати худдорӣ аз сиёсати меъёрҳои духӯра дар баррасии мушкилоти ҳалталаби рӯз даъват ба амал овард”, - таъкид намудааст манбаъ.

Вазорати хориҷа иттилоъ додааст, ки зимни ҳамоиши мазкур роҳбарони ҳайатҳои расмии 57 кишвари ширкаткунанда ва 11 кишвари шарики САҲА роҷеъ ба бандҳои асосии рӯзномаи иҷлос, масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла роҳҳои тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоту чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар иҷлос мавқеи Ҳуқумати Тоҷикистонро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА ироа намуд.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ба зарурати андешидани чораҳои муштарак бо мақсади таҳкими амният дар паҳнои САҲА, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва экстремизм, ва дар ин замина ҳамкорӣ барои тавсеаи амният дар сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон таваҷҷуҳи зоҳир кард.   

250
Барчаспҳо:
сиёсат, ҷаласа, ҳамкорӣ, САҲА, Тоҷикистон
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

18
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

18
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Скорая помощь, архивное фото

Худкушии духтари 16 -сола дар Бадахшон: дар хонаи хобаш худро ба дор овехт

772
(Таҷдидшуда 17:08 30.11.2020)
Волидони марҳум мегӯянд, фарзандашон ягон мушкилӣ надошт ва далели худкушӣ кардани ӯ барои онҳо номаълум аст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон духтари 16- сола худкушӣ кардааст, хабар медиҳад Раёсати КҲФ дар вилояти мазкур.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар деҳаи Чарсеми ҷамоати деҳоти Вер рух додааст.

"Духтари 16-сола бегоҳи рӯзи 29 ноябр, тақрибан соати 18:30 дақиқа худро дар хонаи хобаш дор кашидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

Марҳум хонандаи синфи 9 МТМУ № 40 будааст.

Феълан сабаби даст ба худкушӣ задани хонандаи мактаб рушан нест. Волидони марҳум изҳор доштаанд, ки фарзанди онҳо ягон мушкилӣ надошт ва далели худкушӣ кардани ӯ барои онҳо номаълум аст.

РКҲФ дар вилояти Бадахшон мегӯяд, феълан нисбати ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.

772
Барчаспҳо:
ба дор овехтан, духтар, Бадахшон