Майский снегопад в Москве, архивное фото

Обуҳавошиносон: резиши борону барф дар назар аст

160
(Таҷдидшуда 09:50 10.12.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 3+5  ва рӯзона +9+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 2+7  ва рӯзона  ба  7+12  дараҷа мерасад.

Дар ҳамин ҳол обу ҳаво дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2,   рӯзона  2+7  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18  ва рӯзона -2-7 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона  6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  боридани борон ва дар баландиҳои 2200 м барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +8+13   дараҷа гарм хоҳад шуд.

 

160
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, обуҳавошиносн, барф, борон, Тоҷикистон