Шкатулука с драгоценостями, архивное фото

Ҷавони 19-сола даст ба дуздидани тилловорӣ задааст

108
(Таҷдидшуда 11:20 10.12.2018)
Кормандони милитсия ноҳия Бобоҷон Ғафуров ҷавони 19-солаеро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.

“Ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчи-қалъачаи ноҳияи зикргардида, бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 21-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ки маблағи умумиашон 11 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамин тавр кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома дода истодааст.

108