Пограничный столб. Таджикско-афганская граница.

Барои марзбонони тоҷик бинои нави дидбонгоҳ сохтанд

85
(Таҷдидшуда 10:13 13.12.2018)
Барои марзбонони минтақаи Отряди сарҳадии “Панҷ”-и бинои нави дидбонгоҳи “Файзободқалъа” ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар минтақаи Отряди сарҳадии “Панҷ”-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бинои нави дидбонгоҳи “Файзободқалъа” дар маросими тантанавӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ додааст маркази матбуоти Қушнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, бинои нав дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳи афсарону сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишӣ буда,  ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

 Бинои дидбонгоҳ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфиддинзода ва намояндагони сохторҳои қудратӣ суханронӣ намуданд. 

85
Барчаспҳо:
марзбонон, бинои нав, марз, Тоҷикистон
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода

Раҳмонзода рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." - ро муайян кард

34
(Таҷдидшуда 12:17 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардид

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, ҳамзамон раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии озмун ҷаласаи корӣ баргузор кард.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аъзои ҳакамони даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланд доир намудани даври ниҳоии озмун, муайян намудани тартиби баҳогузорӣ ба маҳорат ва истеъдоди довталабон тибқи Низомномаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ",баррасӣ гардид.

Ҳамин тавр муайян шуд, ки аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини вазири фарҳанги  Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода сухан гуфта, ин иқдоми созандаи президентро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Манбаъ афзуда, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи корӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гуфта мешавад.

34
Барчаспҳо:
дақиқ, даври ниҳоӣ, озмун, Тоҷикистон
Портфель, архивное фото

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Юлдошзода сардори Сарраёсат ва Собиров сартабиб шуд

418
(Таҷдидшуда 12:20 25.11.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо судури ду қарор сардори Сарраёсати кишоварзӣ ва сартабиби Бемористони дилу шарёни вилоятро таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, бо қарори Аҳмадзода, Олимбек Юлдошзода, сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд таъйин гардидааст.

Юлдошзода то ин вақт, сардори Хоҷагии ҷангали вилоят буд ва ҳоло дар мақомои нави вазифавӣ ҷойи Хайрулло Бобозодаро иваз намуд. Бобозода, солҳои дароз ҳамчун агрономи рақами аввал дар Сарраёсати кишоварзии Суғд фаъолият мекард ва зимнан дақиқ нест, ки бо омадани Юлдошзода, ӯ ба кадом вазифа таъйин мешавад.

Инчунин дар пайи судури қарори Раҷаббой Аҳмадзода, Собир Собиров сартабиби Бемористони дилу шарёни вилояти Суғд таъйин гардидааст.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ду рӯз қабл маросимии муаррифи сартабиби нави ин бемористон ба иштироки Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд доир шудааст.

Собир Собиров дар гузашта, минҳайси сардори Раёсати тандурустӣ ва сартабиби Бемористони клиникавии Суғд фаъоляит кардааст.

Таъйиноти кадрӣ дар МНДСЭ Суғд: чаро роҳбарони ин идора зуз-зуд иваз мешаванд?

Ӯ ҳоло дар мақоми нави вазифавӣ, ҷойи Ҳибибулло Муҳиддиновро иваз намуд. Муҳиддинов сарвари Маркази солимгардонии дилу шарён (маъруф ба дачаи Кардиология) таъйин гардидаст.

418