Раджаббой Ахмадзода представляет и.о. главы города Гулистон Фирдавс Шарифзода

Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистонро муаррифӣ кард

1720
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро муаррифӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Ёдрас мешавем, ки бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон аз 12 декабри соли равон Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид.

Фирдавс Шарифзода 16 феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ  таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Мавсуф солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, солҳои 2003-2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буд.

 

1720
Барчаспҳо:
раиси шаҳр, иҷрокунандаи вазифа, муаррифӣ, Гулистон, Суғд, Тоҷикистон
Здание МВД РТ, архивное фото

Ноболиғ ҷавони 23 -соларо лату кӯб карду корд зад: шарҳи ВУД

69
(Таҷдидшуда 13:47 26.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ноболиғе хабар медиҳанд, ки дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ноболиғи 17 -сола дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷии кормандони милитсия боздошт шудааст.

Ӯ сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат буда, дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.

Кордкашии ноболиғ дар хобгоҳи "Текстил": марди 34 -соларо дашном доду корд зад

ВУД дар шарҳи ин ҳодиса менавсиад, ки номбурда, рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 14:30, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, ҳамдигарро лату кӯб намудаанд.

"Сипас гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба шиками ҷабрдида задааст", - омадааст дар хабарнома.

Мувофиқи маълумотномаи суддӣ-тиббӣ ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

69
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, авбошӣ, авбошӣ, захмӣ, кордкашӣ, ВУД ҶТ
Послание президента Таджикистана парламенту

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

99
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз  вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ёдовар шуда аз мақомоти қудратии кишвар хост, ки ба масъалаи таъмини амният диққати ҷиддӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона гуфт, зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд, гуфт ӯ.

“Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд”,-афзуд, раисиҷумҳури кишвар.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Ба гуфти президент, онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Ӯ гуфт, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд ва ба ин хотир ӯ Прокуратураи генералӣ вазифадор кард, ки лоиҳаи нави “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025”–ро таҳия кунад.

Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ хотима дод

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд.

99
Барчаспҳо:
фарҳанг, нақша, терроризм, Эмомалӣ Раҳмон

Макгрегор аз муҳорибаҳо барканор шуд

0
Варзишкори номии муҳорибаҳои омехтаи ирландӣ Конор Макрегор муддати зиёде аз муҳорибаҳо канор мемонад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.

Феълан, маълум аст, ки Конорро ба ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.

Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, шояд Макгрегор  устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.

 

Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.

Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.

 

 

0