Подписание договора, архивное фото

Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Сатторзода Хуршед муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин шуд

1283
Маросими муаррифии муовини раиси шаҳр Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

“Маросими муаррифии муовини раиси шаҳр рӯзи 13 декабри соли равон бо иштироки мудири шуъбаи кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ғолибҷон Шарифзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сурат гирифт”, - таъкид намудааст манюаъ.

Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ 29 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ - менеҷер хатм намудааст.

Номбурда аз соли 2003 то соли 2014 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кору фаъолият бурда, аз соли 2014 то соли 2017 ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.

Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ аз моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2018 дар вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд адои вазифа намуда, бо қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 12 декабри соли 2018 муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

 

1283
Барчаспҳо:
барканории муовини раиси шаҳри Душанбе, Бӯстон, тағйироти кадрӣ, Суғд, Тоҷикистон
Абдуваҳҳоб Искандаров, собиқ сардори милиса дар Кӯлоб ва ВМКБ

Даргузашти боз як генерал - собиқ сардори милисаи Кӯлобу Бадахшон, баъди бародараш

1975
(Таҷдидшуда 15:09 31.05.2020)
Абдулваҳҳоб Искандарзода, собиқ сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даргузашт. Ин дуюмин мусибат дар хонаводаи Искандарзодаҳо тайи ду ҳафтаи охир мебошад

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Як манбаъ дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум шаби гузашта дар манзили худ ҷон ба фонофарин таслим кардааст.

“Он кас ҳудуди як моҳ ба ин сӯ таҳти назорати табибон буданд. Як муддат дар шифохона ва сипас манзилашон табобат гирифтанд. Аммо дар бораи маризиашон маълумоте надорем”, - гуфт ин манбаъ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода узви дуюми хонаводаашон аст, ки тайи як моҳи ахир вафот кардааст. Ду ҳафтаи қабл бародари ӯ Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб фавтида буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур 25 ноябри соли 1957 таваллуд ёфта, хизмати аскариро дар Ҷумҳурии демократики Афғонистон дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо кардааст ва бо нишонҳои президуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ “Ҷанговари интернатсионалисти Иттиҳоди Шӯравӣ” ва президенти Афғонистон қадрдонӣ шудааст.

 Бино ба ин манбаъ, аз 22 майи соли 1984 дар сафи милиса ба фаъолият оғоз намудааст.

“Дар раёсати шӯъбаҳои милисаи собиқ вилояти Кӯлоб дар вазифаҳои нозири шуъбаи кадрҳо Раёсати корҳои дохилӣ (РКД), нозири калони РКД, ёвари сардор ва сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РКД, сардори РКД, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва сардори бахши минтақаӣ кор кардааст. Як замон муовини сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар гуруҳи навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сипас муовини сардори Раёсати ВКД дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст”, - омадааст дар баёни ҳасби ҳоли ӯ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода 20 январи соли 2016 сардори РВКД дар Вилояти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Рӯзи 25 августи соли 2017 аз сӯи президенти Тоҷикистон ба ӯ рутбаи генерал-майори милиса дода шуд.

Сипас 12 декабри соли 2017 аз вазифаи сардори РВКД дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабукдӯш ва баъдтар муовини сардори сардори РВКД дар вилояти Хатлон таъин шуд.

 “Ӯ чанде қабл ба нафақа рафт ва зиндагии мулкиро аз сар гирифт. Ӯ дар хотираҳои мо ҳамчун як ҳамкори меҳрубон ва низомии ҳирфаиву ватандӯст боқӣ хоҳад монд”, - гуфтанд дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон.

Дар ҳамин ҳол, Абдулваҳҳоб Искандарзода танҳо генерал – майоре нест, ки тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон олами фониро тарк кардааст. Қаблан Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон низ дар айни бознишастагӣ ба даъвати ҳақ пайвастанд.

1975
Электросчетчик, архивное фото

Боздошти собиқ нозири барқ: аз вазифа рафту, аммо пули сокинонро мегирифт

102
(Таҷдидшуда 14:53 31.05.2020)
Пулиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пайи коркарди ахбороти оперативӣ корманди собиқи шабакаҳои барқии ҳамин ноҳия барои азхудсозии маблағи истифодабарандагони барқ боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати умури дохила дар Суғд дар пайи шикояти шаҳрвандон Улуғбек Бегиҷонови  41 сола барои қаллобӣ ва фиреби сокинон боздоштшудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Бегиҷонов собиқ назоратчии шабакаҳои барқи ҳамин ноҳия баъди аз вазифа рафтан низ маблағи истифодабарандагони барқро гирифта ба фоидаи худ сарф мекардааст.

Манбаъ мегӯяд собиқ нозири шабакаҳои барқ замони фаъолияташ маблағи сокинонро ба суратҳисоби Барқи тоҷик нагузаронида баъди аз кор рафтан низ худро назоратчии фурӯши барқ муаррифи карда даст ба мардумфиребӣ задааст.

Ӯ ҳамчунин ба боварии муштариён даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти кам нисбат ба оне, ки ҳисобкунаки барқӣ ҳисоб кардааст, маблағ ба даст оварда ба фоидаи худаш сарф кардааст.

Дар навори гузориш яке аз зарардидагон гуфт, ҳисобкунаки барқияш 30 ҳазо кор кард, аммо Бегиҷонов бо ваъдаи он ки корро бо 8 ҳазор ҳал мекунад, пулро гирифту корро накард.

Номбурда,  ҳамчунин барои аз саҳни ҳавлиҳо ба берун кучонидани симчубҳо ва гирифтани иҷозатномаи соҳибкорӣ аз сокинон пул мегирифтааст.

 

Гуфта мешавад, қаблан низ дар давоми фаъолияташ ӯ ду маротиба барои азхудсозии маблағҳо суд шуда буд, аммо дубора ба ин вазифа роҳ ёфту боз корашро такрор кард.

ВУД мегӯяд, нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида аз рӯйи шикояти сокинон тафтишот идома дорад.

102
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Чин доруи зидди коронавирусро то авохири соли ҷорӣ вориди бозор мекунад

0
(Таҷдидшуда 14:19 31.05.2020)
Чин дар баробари талоши ҷаҳон барои ба даст овардани доруи зидди коронавирус эълон намудаст, ки ваксинро то авохири соли ҷорӣ вориди бозор мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.Чин рӯзи якшанбе эълом кардаст,  дар ҳоли ҳозир панҷ ваксинаи зидди коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли гузарондани марҳалаҳои мухталиф аз ҷумла озмоишҳои клиникӣ ҳастанд.

Бар хабари шабакаи Алъолам, ваксинаи муштараки озмоишгоҳи биологики Ухан пешрафти бештаре дорад ва эҳтимолан то поёни соли ҷорӣ  равонаи бозор гардад.

Ин ваксина, ки акнун дар марҳалаи дуввуми озмоиш қарор дорад то кунун рӯи ду ҳазор нафар озмоиш шуда ва зарфияти тавлиди солона 100 миллиард  дозаро дорад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Замони озмоиши ваксин алайҳи коронавирус дақиқ шуд

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.ead more: https://sputnik-tj.com/health/20200531/1031328665/Avifavir-nakhustin-dorui-ziddi-COVID-19-dar-Rusiya-az-sui-Vazorati-tandurusti-tasdiq-shud.html

0
Барчаспҳо:
бозор, дору, Чин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон