Кохир Расулзода, архивное фото

Қоҳир Расулзода қасри фарҳанги навро дар ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ кард

303
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Балҷувон иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо дастгирии Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар бинои Қасри фарҳанги нав ба истифода дода шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки қасри фарҳанги нав дорои 360 ҷойи нишаст мебошад.  

Бинои нави Қасри фарҳанги ноҳия бо техникаи хозиразамон ба мисли компютерҳо ва принтерҳо, асбобҳои нави тақвияти овоз ва 12 номгӯи асбобҳои халқӣ (тор, аккордион, ғижак, най, таблак, дойра, рубоб, рубоби қашқарӣ, тутук, думра ва ситор) таъмин гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи бино Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд. 

Манбаъ хабар додааст, ки сохтмони бинои нав соли 2016 оғоз гардида, он бо маблағи 5 миллиону 389 ҳазор сомонӣ дар маркази маъмурии ноҳия бунёд гардидааст.

303
Барчаспҳо:
Балҷувон, Қоҳир Расулзода, сарвазир, ифтитоҳ, Қасри фарҳанг, Тоҷикистон