Горы в Таджикистане. Архивное фото

"Донишмандони тоҷик аз об шудани пиряхҳо дар Бадахшон нигаронанд"

123
(Таҷдидшуда 15:34 15.12.2018)
Донишмандони марказм омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз об шудани бузургтарин пиряхи мавсум ба “Ҷамъияти ҷуғрофияи Русия” дар кӯҳистони Бадахшон ибрози нигаронӣ кардаанд, менависад "Парс тудэй"

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ба иттилои хабаргузории "Парс тудэй", донишмандони тоҷик аз об шудани пиряхҳо дар Бадахшон нигаронанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Абдулҳамид Қайюмов, мудири ин марказ гуфтааст, ки дар тобистони соли ҷорӣ гурӯҳе аз донишмандон бо пуштисар гузоштани 3 ҳазору 300 километр роҳ, вазъи пиряхҳои табиии ин кишварро баррасӣ кардаанд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳангоми баррасии шароити пиряхҳои кӯҳистони Бадахшон мушаххас шуд, дар бузургтарин пиряхи мавсум ба “Ҷамъияти ҷуғрофияи Русия” бар асари об шудани он, ҳавзе бо тӯли 200 метр эҷод шудааст, ки дар сурати канда шудани бахше аз ин пирях, садди табиӣ дар масири ҳаракати рӯдхонаи Абдулқаҳҳор ба вуҷуд меоварад ва рӯдхонаро мебандад ва ин мавзуъ таҳдиди зери об мондани сокинони ноҳияи Ванҷро ба дунбол хоҳад дошт. Ҳамчунон, ки дар соли 2005 низ ин иттифоқ афтод ва муҷиби ҷон бохтани 25 нафар аз сокинони рустои Даштӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон шуд.

Масоҳати ин пирях 64 километр аст ва бузургтарин пиряхи табиӣ аз ин навъ дар кӯҳистонҳои вилояти Бадахшон ба ҳисоб меояд.

Аммо Кумитаи мавқеиятҳои изтирории Тоҷикистон дар вокуниш ба изҳороти донишмандони маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон мабнӣ бар об шудани пиряхи мавсум ба “Ҷамъияти ҷуғрофияи Русия” дар кӯҳистони Бадахшон ва паёмадҳои мухарриби он таъкид кардааст, ки ҷойи нигаронӣ нест. Зеро авзои ин пирях бо таҷҳизоти пешрафта 24 соата таҳти назорат аст ва ҳарорати феълии ҳаво низ дар маҳалли ин пирях 15 дараҷа зери сифр аст.

Дар Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхи табиӣ вуҷуд дорад, ки дар масоҳати 8 ҳазору 500 километри мураббаъ воқеъ шуда ва захоири манобеи оби ин пиряхҳо 850 ҳазор километри мукааб эълом шудааст. Аммо дар сурати идомаи гарм шудани ҳаво ва осори мухарриби зистмуҳитӣ, ба гуфтаи донишмандон то соли 2050 масоҳати ин пиряхҳо метавонад ба нисф коҳиш ёбад. 

123