Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Боғи миллии Тоҷикистон

Супориши раисиҷумҳур барои табдили Душанбе ба шаҳри гулҳо ва ташкили макони нави саёҳат

546
(Таҷдидшуда 11:34 16.12.2018)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни боздид аз “Боғи миллии Тоҷикистон” ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур дод, ки барои ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахт аз гулу дарахтони парваришшуда дар ин боғ истифода барад

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, муассисаи давлатии “Боғи миллии Тоҷикистон” соли 2006 - ум дар заминаи собиқ Боғи ботаникии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ки соли 1937 таъсис ёфта буд, ташкил карда шуд.

Масоҳати умумии заминҳои боғ наздики 95 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 63 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, ангур, бодом, анҷир, нок, гелос, олу, шафтолу, хурмо, биҳӣ, чормағз, зардолу ва писта мавҷуд аст, ки нашъунамои хуб дорад. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳосили аксари онҳо ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар масоҳати наздики 10 гектар ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ парвариш карда мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон супориш додааст, ки аз ин ҷо барои боз ҳам зебою дилнишин кардани Боғи Қасри миллат, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи Фирдавсӣ, Боғи Рӯдакӣ, Боғи Ҷавонӣ, Боғи Аҳмади Дониш, Боғи Алишери Навоӣ, Боғҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, Боғи Ирам, Боғи Наврӯзгоҳ, атрофи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва дигар боғҳои пойтахт бештар аз 100 ҳазор дарахтони ороишӣ бурда шинонанд.

Роҳбарияти Боғи миллӣ барои то ба 180 гектар васеъ кардани майдони боғ ва ба як макони бузурги дилрабои сайру саёҳат мубаддал гардонидани он муваззаф шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, дар оянда ин мавзеъ бо ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон ба як маркази бузурги фарҳангию фароғатӣ барои сокинон бо тамоми шароити зарурӣ табдил дода мешавад.

Дар Боғи миллӣ шумораи дарахтони мевадиҳанда 17 ҳазору 365 бех, теъдоди умумии 30 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва ҳамешасабз 67 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин ҷо барои ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кардан 8 намуди дарахтон, ки шумораашон 355 бехро ташкил медиҳад, мавҷуд аст ва онҳо нашъунамои хуб доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар Боғи миллӣ кормандон аз тухм ва қаламча ниҳолҳои дарахтони гуногун - аз ҷумла сосна, маржевика, кипариси аризонӣ, туя, сафора, липа, каштан, магнолияи ҳамешасабз, магнолияи баргпарто, инчунин гулҳо, аз қабили гули садбарг, соквойа, зирк, легустра, брисклет, фарзетсия, туяи тиллоранг ва шамшод парвариш кардаанд.

546