Акция в память о погибших при взрывах в Брюсселе у посольства Бельгии в Москве

Иван Поляков муррабии шинохтаи Тоҷикистон аз дасти ғоратгарон кушта шуд

285
(Таҷдидшуда 09:48 17.12.2018)
Ғоратгарон Иван Поляковро барои 2800 сомонӣ, як бухорӣ (печка) ва телефонаш латукӯб карда, ба қатл расондан

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Иван Поляков, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дар гуштини юнониву румӣ ва тарзи озод ва Муррабии шоистаи Тоҷикистон, шаби 8 декабр дар манзилаш дучори ҳамла ва латукӯби ғоратгарон шуда, рӯзи 13 декабр дар бемористони Қарияи боло даргузашт, иттилоъ додааст tajikistantimes.com.

Бино бар иттилои манбаъ, шаби 8 декабр як гуруҳи шахсони номаълум ба манзили Иван Поляков дар шаҳри Душанбе ҳамла намуда, ӯро шадидан латукӯб карда, аз манзилаш 2800 сомонӣ, як бухориву телефон ва чанд чизи дигарро дуздиданд.

Ҷасади Поляковро шогирдонаш пайдо карда, ба бемористони Қарияи боло бурдаанд, вале табибон ӯро натавонистанд наҷот бидиҳанд.

Иван Поляковро рӯзи 14 декабр дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ алакай се нафарро бо гумони даст доштан дар ҳодисаи мазкур дастгир намуданд.

Иван Иванович Поляков моҳи августи соли 1936 дар вилояти Тамбови Русия ба дунё омада буд. Вай устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ буда, чор маротиба сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар гуштин шудааст – се маротиба дар гуштини юнониву румӣ ва як маротиба – дар гуштини тарзи озод.

Иван Поляков яке аз маъруфтарин мураббиёни гуштини юнониву румӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Вай унвони мураббии шоистаи Тоҷикистон дошт.

285
Барчаспҳо:
душанбе, чеҳраҳои шинохта, кушта шуд, ғоратгарӣ, Мураббии шоистаи СССР, Тоҷикистон