Мерседес ва гадо, акс аз бойгонӣ

“Мерседес”-ро гирифту фурсати саворӣ нашуд: боздошти фармондеҳ Амиршо Раҳмонов

1583
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Амиршо Раҳмонов, афсари Вазорати дифоъро ба додгоҳ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Раҳмонов ба ҳайси фармондеҳи взводи ротаи тирандози савораи қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа, моҳи июни соли 2018 аз сарбози қатории қисми мазкур барои раҳоӣ аз хидмати ҳарбӣ 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

Сарбоз ба фармондеҳ изҳор доштааст, ки чунин маблағро метавонад танҳо баъди фурӯхтани “Мерседес бенс”- и падараш диҳад.

Ожонс афзудааст, ки Раҳмонов баъди шунидани ин вазъ аз сарбоз талаб намуд, ки ба ҷои 15 ҳазор сомонӣ, падараш автомашинаи "Мерседес"-ро ба ӯ диҳад.

Амиршо Раҳмонов 10 август баъди ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ намудани автомашинаи мазкур аз сӯи маъмурини Ожонси зидди фасод дастгир гардидааст.

Ба иттилои Ожонс, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи Раҳмонов бо иттиҳоми қаллобӣ ба анҷом расида, парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

1583
Барчаспҳо:
пора, қаллобӣ, парвандаи ҷиноӣ, дастгир, боздошт, Тоҷикистон