Эмомали Рахмон на церемонии в честь запуска первого агрегата Рогунской ГЭС

Мардуми Тоҷикистон интизор: тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

724
(Таҷдидшуда 11:34 19.12.2018)
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” дар тамоми корхонаву муассисаҳои шаҳр намоиши филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ”- ро роҳандозӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Имрӯз, 19 декабри соли равон дар тамоми корхонаву муассисаҳои  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиши филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” баргузор мегардад, иттилоъ додааст  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” ба ҳаёт ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бахшида шудааст.

“Мақсад  аз намоиши филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Эмомалӣ Раҳмон мебошад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Қарор аст, намоиши филми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва доираи васеи ҷавонон сурат гирад.

Ҳамчунин имрӯз бо ҷалби 700 нафар кормандони ҷавони вазорату идораҳо филми “Марди роҳ”  дар толори  Маркази “Вефа” намоиш дода мешавад. Пас аз намоиши филми мазкур аз ҷониби аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем!” – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аксияҳои тарғиботӣ таҳти унвони “Бо Президентам ифтихор мекунам!”, “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, “Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат!” доир шуда,  нишони сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои миллат таҷҷасум ёфтааст,  тақсим карда мешавад.

 

724
Барчаспҳо:
намоиш, Эмомалӣ Раҳмон, филм, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

34
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

34
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ

Вазорати тандурустӣ фавти як дардманди дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: омори нав

369
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз як маризи дигари коронавирус ба ҳалокат расид. Вазорати тандурустӣ низ фавти як беморро тасдиқ карда гуфт, ки шумораи умумии қурбониён ба 62 нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз коронавирус нашр намуд.

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта боз як маризи дигар аз коронавирус ҷон бохт. Бо илова шудани ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди умумии қурбониёни вируси COVID-19  дар кишвар ба 62 нафар баробар шуд.

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

Зимнан, вазорат таъйид намуд, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7665  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   6 август дар мамлакат  6443 нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

369
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон