Снегопад в Душанбе

Обуҳавошиносон: дар аксари манотиқи Тоҷикистон сардиҳову барф ва борон дар назар аст

400
(Таҷдидшуда 10:25 20.12.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, боридани борону барф ва фаромадани меғ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда,  боридани борон дар назар аст. Шабона борон ба барфи тар мубаддал мегардад. Ҳаво  шабона 0+2  ва рӯзона +5+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, дар водиҳо  борон борида, шабона ба барфи тар мубаддал мегардад. Инчунин  дар ноҳияҳои кӯҳӣ  боридани борону барф ва фаромадани меғ дар назар аст. Ҳарорат шабона 0+5  ва рӯзона    ба  3+8  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани   барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8,  рӯзона -4+1  ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17  ва рӯзона -4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  боридани борону барф ва фаромадани туман   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1  ва рӯзона аз  2+4  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар водиҳо борон ва   дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона   +5+10    дараҷа гарм хоҳад шуд.

400
Барчаспҳо:
меғ мефарояд, барфу борон, обу ҳаво, Тоҷикистон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

476
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

476
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Амнистия заключенных в Согдийской области

Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?

2766
(Таҷдидшуда 20:40 30.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Гуфта мешавад,  фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.

Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.

2766
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, авф, Тоҷикистон