Угнанный автомобиль Опел-Астра

Дар Душанбе ноболиғ барои мошиндуздӣ дастгир шуд

189
(Таҷдидшуда 10:56 20.12.2018)
Кормандони ВУД Тоҷикистон писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, бо гумони ғайриқонунӣ рабудани мошинро дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милится писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, дастгир намуданд, ки ба таври ғайриқонунӣ "Опел-Астра"-ро рабудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки шаби 18 ба 19-уми декабри соли равон, тахминан соати яки шаб, ҳангоми дар кӯчаи Клагенфурти пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Астра"-ро ғайриқонунӣ рабудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир кормандони ВУД Тоҷикистон ҳодисаи мазкурро таҳти тафтишот қарор додаанд. 

Ёдрас мешавем, ки ахиран кормандони вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон ду нафар ҷавонро дастгир намуданд, ки дар рабудани мошин дар шаҳри Душанбе айбдор мешаванд

Ин ду нафар рӯзи 18-уми декабри соли равон, тахминан соати чори шаб, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи "Опел-Ашка"-ро, ки арзишаш 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рабудаанд. 

189
Барчаспҳо:
дастгиршавӣ, ноболиғ, душанбе, мошиндуздҳо, рабудан, Тоҷикистон
Кобилчон Гиёев

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

278
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

278
Барчаспҳо:
вазифа, табобат, бемор, табиб, Ғарм, Тоҷикистон
Вид на город Хорог, ГБАО.

Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус

207
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дахлу харҷи суратҳисоби бонкие, ки барои мубориза бо сирояти коронавирус ташкил кардаанд, ба аҳолӣ ҳисобот доданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, дар суратҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба ҳолати 28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври наќдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст.

Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст.

Бино ба гузориши манбаъ, сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кумак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сару либоси тиббӣ ва маводи озуқавоӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд.

Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории ќисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сӯзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмўъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рўхии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Инчунин, барои интиқоли рахти хоб ва маводи хўрокворӣ ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа, дастрас намудани либосҳои муҳофизати фардӣ аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, қабул ва гусели масъулону ронандагоне, ки кумакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру навоҳии вилоят дастрас намуданд, 921 сомонӣ сарф гардидааст.

Барои қабул ва гусели намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ошно шудан бо вазъи беморони вилоят аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сафар намуд 600 сомонӣ, барои эҳтиёҷоти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷиҳати табдил додан ба беморхонаи муаваққатӣ 2 ҳазору 310 сомонӣ, хароҷоти нақлиёт барои дастрас намудани маводи доруворӣ аз ноҳияи Мурғоб ба шаҳри Душанбе 7 ҳазор сомонӣ, таҷҳизонидани утоқи табобатӣ дар касалхонаи вилоятӣ 600 сомонӣ ва харидории редуктори кислород барои касалхонаи вилоятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуда, ки аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои воридгардида санаи 28 майи соли ҷорӣ 35 ҳазору 60 сомонӣ барои харидории 50 адад кислород, ки тавассути Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ дастрас карда мешавад, ҷудо гардидааст.

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

Инчунин, барои пардохти маоши кормандони дастаи иловагии стансияи Ёрии таъҷилӣ 5 ҳазору 739 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

Дар охири гузориш омада, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

207
Барчаспҳо:
хазина, ҳисобот, ВМКБ, Тоҷикистон