Строительство аквапарка в Варзобе

Соҳибкори маҳалӣ дар шаҳри Гулистон корхонаи металлургӣ бунёд мекунад

285
Дар шаҳри Гулистон, ки яке аз шаҳрҳои саноатии вилоят маҳсуб меёбад, бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди боз як корхонаи нави саноатӣ санги асос гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи металургӣ бунёд мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи металлургии “Маҳмуд-Ко” дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” омода гардида, пудратчӣ ҶДММ “Абдушукур” мебошад.

“Се бинои асосӣ ва бинои маъмурии корхона дар масоҳати беш аз 2 гектар сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни маросими оғози сохтмони корхона, афзудааст, ки ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ дар чанд соли охир ба рушди соҳа мусоидат намуда, дар ин раванд ҷойҳои нави корӣ бунёд ва некӯаҳволии мардум таъмин гардида истодааст.

285
Барчаспҳо:
сохтмон, сохтмони коргоҳ, шаҳри Гулистон, Гулистон, Суғд, Тоҷикистон
Грузовик с газом, архивное фото

Гази моеъ дар Тоҷикистон гарон шуд

88
ар замони шуюи корона қиммати ҳар литр сухт ҳудуди 2 сомонию 8 дирам ва қиммати ҳар литр гози моеъ низ ҳудуди 3 сомонию 8 дирам расид.

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Қиммати гази табии моеъ дар Тоҷикистон таи як ҳафтаи гузашта 35 дар сад афзоиш ёфт, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Ба гузориши мандаъ, бархе коршиносон иллати афзоиши қимматро поёни қарантина ва афзоиши тараддуди теъдоди мошинҳо эълом мекунад.

Қиммати гози табии моеъ дар ҷойгоҳҳои сухти Тоҷикистон тайи як ҳафтаи гузашта 35 дар сад афзоиш ёфт.

Дар замони шуюи корона қиммати ҳар литр сухт ҳудуди 2 сомонию 8 дирам ва қиммати ҳар литр гози моеъ низ ҳудуди 3 сомонию 8 дирам расид. 

"Вақте ки карантин сар шуд, нархи бензин тақрибан 50 дарсад коҳиш ёфт (2 сомонию 50 дирам), аммо ҳоло, ки мошинҳои зиёд дар кӯчаҳо мераванд, талабот ба сӯзишворӣ афзоиш ёфтааст" - гуфт коршиноси соҳаи энергетика Дмитрий Газафов.

Паравандаи ҷиноӣ алайҳи Юрий Долгов барои қочоқи гази моеъ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

У афзуд: Дар ҳоли ҳозир, сухти масрафии бештари васоили нақлия дар Тоҷикистон гази табии моеъ (LNG) ва арзонтар аз бензин аст. Соли гузашта Тоҷикистон 430 ҳазор тонна гази табии моеъ, ҳудуди 180 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тонна дизел ворид кард.

Тоҷикистон сухти мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад

88
Чемпионат Таджикистана-2020

Футбол: рӯзҳои бозии муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

28
мсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ анҷом медоданд, ин мавсим дастаҳо дар ҳар марҳила як бозӣ мекунанд. Мизбони бозӣ тариқи қуръакашӣ интихоб мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Санаи баргузории марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд, ки  дар он 12 дастаи лигаи якум ширкат  намуда, бозиҳо 7-8 июл баргузор мешаванд, хабар медиҳад "Ховар".

Манбаъ менависад, агар дар вақти бозии  асосӣ  ғолиб муайян нагардид, пас ду пайти 15-дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Дар сурати боз ҳам муваффақ нашудани дастаҳо ғолиб тариқи зарбаҳои ёздаҳметра муайян карда мешаванд. 

Дар натиҷаи бозиҳо шаш даста ба даври 1/8-финал роҳ меёбанд ва ҳамроҳ бо 10 дастаи лигаи олӣ мусобиқаро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ анҷом медоданд, ин мавсим дастаҳо дар ҳар марҳила як бозӣ мекунанд. Мизбони бозӣ тариқи қуръакашӣ интихоб мешавад.

Ҳамин тавр, дастаҳои "Саройкамар (Панҷ) – "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ), Равшан (Кӯлоб) –"Ҳулбук" (Восеъ), Равшан (Зафаробод) – "Шоҳмансур" (Душанбе), "Ваҳдат" (Ваҳдат) – "Барқчӣ" (Ҳисор) 7 июл ба майдон хоҳанд баромад. Оғози бозӣ, 17:00.

Шумори дастаҳои футбол дар Лигаи олии Тоҷикистон зиёд карда мешавад

Тимҳои "Ҳосилот" (Фархор) – "Моҳир" (Ёвон) ва "Исфара" (Исфара) – "Эсхата" (Хуҷанд) бошанд, 8 июл, соати 17:00 вориди бозӣ мешаванд.

28