Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото

Рӯзи паёми Президент ба парлумони кишвар маълум шуд

786
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар санаи 26 декабр паёми ҳамасолаи худ ба парлумонро ироа мекунад

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, 26 декабр соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми  якҷояи Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  ҷумҳурӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошанд, ироа хоҳад кард.

Дар ин росто,  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзҳои  25 декабр   аз соати 8:00 то соати 17:00  ва 26 декабр аз соати  7:00 то 8:00  дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум  номнавис мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз соли 2017 ироаи паёми асосии раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон қабл аз оғози соли нав сурат мегирад.

Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

786
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, паёми раисҷумҳур, Парлумон, паём, Тоҷикистон