Обуҳавошиносон ҳавои имрӯз дар Тоҷикистонро пешгӯӣ карданд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСнег
Снег  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик мегӯянд, имрӯз дар аксари манотиқи Тоҷикистон боришот дар назар нест

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, ҳаво имрӯз дар ғарби ВМКБ шабона -1-6 дараҷа сард,   рӯзона  0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи ин вилоят шабона -16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои  тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борону барф ва фаромадани туман   дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона  -3+2  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбанда  шуда, фаромадани туман  пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Обуҳавошиносон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва фаромадани туманро интизор доранд.  Ҳарорат шабона ба -1+4 ва рӯзона  ба  7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 1-3 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0