Празднование Навруза в Наврузгохе, архивное фото

Озмун: интихоби сенария барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

1021
(Таҷдидшуда 12:23 23.12.2018)
Ҳукумати вилояти Суғд барои интихоби беҳтарин сенарияҳо барои баргузории барномаҳои фарҳангии ”Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва Фестивали вилоятии “Сайри лола” озмун эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.  Мақомоти вилояти Суғд озмунҳои сенария ва матни шеърҳои беҳтаринро барои баргузории барномаҳои фарҳангии “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва Фестивали вилоятии “Сайри лола” эълон намудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар додаааст.

Бино бар иттилои манбаъ Қабули сенарияҳо аз санаи 21 декабри соли равон то  4 январи соли 2019 дар идораи Раёсати фарҳанги вилоят сурат мегирад.

Манбаъ ҳамчунин хабар додааст, ки озмуни сенарияи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ низ эълон мегардад.

Барои барандагони озмун ҳукумати вилояти Суғд мукофотпулӣ низ таъйин кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, барандаи сенарияи,  Фестивали вилоятии “Сайри лола” - панҷ ҳазор сомонӣ, сенрия ба ҷашни “Наврӯз-2019” - панҷ ҳазор сомонӣ, ба Рӯзи Артиши миллӣ – ду ҳазор сомонӣ ва ба “Рӯзи Модар” - ду ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки хоҳишмандон метавонанд дархостҳои худро ба суроғаи хиёбони Раҳмон Набиев №45, Раёсати фарҳанги вилоят пешниҳод намоянд.

1021
Барчаспҳо:
барномаҳои фарҳангӣ, мукофотпулӣ, Суғд, вилояти Суғд, озмун, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Последствия схода селевого потока

Суғд: Ҳалокати 64 нафар ва миллионҳо зарари ҳодисаҳои фавқулода давоми шаш моҳ

51
(Таҷдидшуда 09:56 09.07.2020)
Дар пайи ҳолатҳои фавқулодда зарфи шаш моҳи гузашта 64 нафар дар шимоли Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ин нукта зимни нишасти шашмоҳаи  раёсати ин ниҳод дар Суғд садо дода, аммо зикр нашудааст, ки ин нафарон дар пайи кардом ҳодисаи фавқулода фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ марги 64 нафар дар пайи 260 ҳаводиси авқулода ба қайд гирифта шудаас.

Манбаъ мегӯяд, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Гуфта мешавад, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ ба  иқтисодиёти вилоят 42  миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд. 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи  полковник Додиён Баҳром Одина, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят  12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.

51
Служба в армии, архивное фото

Сарбоз 17 сангпора хӯрд, ки аз аскарӣ раҳо шавад: ба хизмат тоб наовардааст

108
(Таҷдидшуда 09:11 09.07.2020)
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ҳукми сарбозеро содир кардааст, ки бо хурдани сангпораҳо ва узвмаъюбкунӣ мехост аз хизмати ҳарбӣ раҳо шавад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ сарбози қаторӣ Отабек Ибрагимов зимни даъвати тирамоҳӣ аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди ҳукумати қумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ хизмати низомиро дар қисми ҳарбии мазкур иҷро карда, дар ин давом ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, 24-уми декабри соли 2019 ҳангоми дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муваққатан қарор доштанаш, баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол намудан дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо роҳи узвмаъюбкунӣ бо бемории сохта муваққатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад.

“Бо ин мақсад номбурда 7 адад сангпораҳои ҳаҷмашон гуногунро фурӯ бурда, бо ҳамин роҳ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш дур шуда, санаи 28-уми декабри соли 2019 дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, илова бар ин, номбурда бо мақсади аз иҷрои хизмати ҳарбӣ тамоман саркашӣ кардан дар назди даромадгоҳи шуъбаи 1-уми ҷарроҳии Беморхонаи ҳарбии мазкур санаи 31декабри соли 2019 қарор доштанаш боз 10 адад сангпораҳоро фурӯ бурдааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин амалкард, Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбоз Ибрагимов Отабекро бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум кардааст.

108
Город Астана, архивное фото

Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд

50
(Таҷдидшуда 09:56 09.07.2020)
Роҳбари Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев хатоҳои роҳбарияти собиқи Вазорати тандурустии ҷумҳурияшро яке аз сабабҳои афзоиши бемории коронавирус номид

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Рӯзи 13 июл дар Қазоқистон б ахотири қурбониёни коронавирус мотами миллӣ эълон карда шуд.

Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни як муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт.

“Мутаассифона, ин беморӣ ҳаёти сокинони Қазоқистонро гирифта истодааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ садҳо оила мотам аст. Касе падар, модар, бародар, хоҳар, писар ё духтарро аз даст додааст. Ман ба хонаводаҳои ҳалокшудагон тасаллият изҳор мекунам. Ин фоҷиаи умумӣ барои ҳамаи мост. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки 13 июлро ҳамчун рӯзи мотами миллӣ эълон кунам ”,- гуфт Тоқаев.

Роҳбари Қазоқистон хатогиҳои сохтори роҳбарияти пешини Вазорати тандурустиро яке аз сабабҳои афзоиши бемории коронавирус номид.

Тоқаев илова намуд, ки айни замон дар Қазоқистон нишонаҳои аввалини мӯътадилшавии вазъи эпидемиологӣ ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, вай эълон кард, ки дар тамоми ҷумҳурӣ карантини дуҳафтаина ҷорӣ карда мешавад.

"Дар ҳоли ҳозир, нишонаҳои аввалини мӯътадилшавии вазъ пайдо шуданд. Аммо, албатта, роҳат шудан ҳануз барвақт аст. Ҳафтаҳои ояндаи муборизаи мо бар зидди пандемия ҳалкунанда хоҳанд буд", - таъкид кард раҳбари Қазоқистон.

Бино бар пояи оморҳои ахир, дар пайи гирифтори ба коронавирус 280 нафар шаҳрвандони ин кишвар ҳалок шуданд.

Теъдоди умумии гирифторон беш аз 51 щазо нафар шудааст. 

50