Сомони в конверте, архивное фото

Вазорати тандурустӣ: ба оилаҳои камбизоат 30 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд

460
Дар Тоҷикистон 87 ҳазору шашсад нафар оилаҳои камбизоат ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.  То санаи 1 декабри соли равон ба феҳристи ягонаи махзанизми иттиллотии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз оилаҳои камбизоат зиёда аз 98 ҳазор ариза ворид гардида, ки аз он 87 ҳазору шашсад нафар он ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд, иттилоъ додааст вазорати дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, аз соли 2011 инҷониб дар ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат механизми таҷрибавӣ доир ба таъмин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии аҳолии камбизоат ҷорӣ шуда, имрӯз дар чил шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ мегардад.

“То санаи 1 декабри соли равон дар чил шаҳру ноҳияи мазкур ба феҳристи ягонаи махзанизми иттиллотии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зиёда аз 98 ҳазор ариза ворид гардида, аз он 87 ҳазору шашсад нафар оилаҳои камбизоат ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд”, - таъкид намудааст вазорат.

Дар ҳамин ҳол, Қурбонов Қ., сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки наздик ба 39 млн сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои дар суратҳисоби агентибуда барои пардохт пешниҳод шудааст, ки тибқи иттилои расмии “Амонатбонк” то кунун 30 млн сомонӣ дастраси оилаҳои камбизоат гардидааст.

460
Барчаспҳо:
кӯмак ба камбизоатҳо, камбизоат, оилаҳои камбизоат, кӯмакпулӣ, тандурустӣ, Тоҷикистон