Пограничный столб. Таджикско-афганская граница.

Аввалин Шӯрои низомӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуд

164
Дар вилояти Суғд марзбонони Тоҷикистону Узбакистон вазъ дар марзи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik.  Аввалин Шӯрои низомӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар иқтибос ба хадамоти матбуоти нирӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.

Шӯрои мазкур санаи 21 ва 22 декабри соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шудааст.

Таъкид шудааст, ки дар Шӯрои мазкур Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ва Руслан Мирзоев, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Узбакистон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот тарафҳо таъкид намуданд, ки тарафҳо ба тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Инчунин, тарафҳо дар Шӯрои низомӣ вазъ дар марзҳои Афғонистонро баррасӣ намуданд.

“Ҳамчунин марзбонони Тоҷикистону Узбакистон барномаи муштарак ҳамкорӣ миёни идораҳои марзбонии ду кишварро барои соли 2019 таҳия намуданд”, - таъкид намудааст манбъ.

Мақсади асоссии санади мазкур – ин тақвияти ҳамкориҳои муштарак ва таъмини амнияти марзҳо миёни кишварҳо мебошад.

164
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, муштарак, шӯро, мулоқот, КДАМ, сарҳад, марз, Узбакистон, Тоҷикистон