Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе

Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи қатъи интиқоли обрасонӣ дар маҳалҳои Душанбе

398
(Таҷдидшуда 10:48 25.12.2018)
Бо мақсади пайваст кардани қубурҳо дар маҳаллаҳои 81, 82, Шараф, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков ва Бунгоҳи гармидиҳии марказии №2 интиқоли обрасонӣ қатъ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар баъзе аз маҳалҳои Душанбе ба мӯҳлати як шабонарӯз интиқоли об қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори вижаи раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳудуди ноҳияи Сино — маҳаллаҳои 81, 82, Шараф, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков ва Бунгоҳи гармидиҳии марказии №2  ба муҳлати як шабонарӯз аз  соати 22:00 рӯзи 25  то соати 24:00 рӯзи 26 декабри соли 2018 қатъ мегардад.

Ин амал бо мақсади пайваст намудани қубурҳо роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори шаҳрдор, масъулин вазифадор шудаанд, ки  дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин раиси шаҳр ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  супориш додааст, ки  ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

398