Озода Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Озода Раҳмон дар бораи дороии мансабдорон ва оқибати дурӯғгӯӣ

5683
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро тавзеҳ дод, ки ба амволи мансабдорон ва оқибати дурӯғгӯӣ рабт дорад

ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар масоили таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ҳафтаи равон зимни ҷаласаи палатаи болоии парлумон гуфт, дуруғгӯии мансабдорон дар бораи амволашон барканорӣ дар пай дорад.

Ӯ зимни тавзеҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” гуфт, пешниҳоди эъломия аз сӯи довталабони мансаби давлатӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Бар асоси ин меъёр хоҳишмандони кор дар мақомҳои давлатӣ бояд қабл аз оғози кор дар бораи даромад ва амволи манқулу ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.

 “Моддаи 8-и қонун дар таҳрири нав ифода ёфта, минбаъд пешниҳоди эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ аз ҷониби дов­талабон ба мансабҳои давлатӣ пешбинӣ мегардад. Илова бар ин, минбаъд пешниҳод накардани ­эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, барои ба мансаб таъин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад”, - таъкид намуд роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президент.

Ӯ афзуд, ки ба моддаи 1 қонун мафҳумҳои “бархӯрди манфиатҳо”, “манфиати давлатӣ” ва “манфиати шахсӣ” илова карда шудаанд, ки принсипҳои мубориза бар зидди коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Нашрияи парлумонии "Садои мардум" иттилоъ дод, ки тағйироти мазкур аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод гардид ва Маҷлиси милллӣ онро қабул намуд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон пешниҳоди эъломияи дороӣ аз сӯи наздикони мансабдорони давлатӣ низ ҳатмӣ гардида буд.

5683
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 55)

Маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон - пахши мустақим

105
(Таҷдидшуда 09:04 30.10.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад

Маросими савгандёдкунии президент - расман ба иҷрои вазифаи президенти Тоҷикистон шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон аст.

Инаугурация Эмомали Рахмона в 2013 году
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Он чун анъана дар Қасри миллат ва мисли савгандёдкуниҳои пештар пуршукӯҳ баргузор мешавад.

Ин маросим одатан бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.

Раисҷумҳур дасти рост ба болои Сарқануни Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.

Ёдрас мешавем, интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.

Роҳбандиҳо ҳангоми савганди Раҳмон дар Душанбе: эълони ВКД

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд ва боз барои 7 соли дигар президент интихоб гардид.

105
День 30 октября

Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

40
(Таҷдидшуда 17:58 29.10.2020)
Рӯзи 30 октябр дар Зеландияи нав чун рӯзи меҳнат таҷлил мешавад. Дар ҳамин рӯз соли 2000 - ум пули миллии Тоҷикистон ба сомонӣ иваз шуд

Рӯзи 30 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1908  Русия соҳиби аввалин медали тиллои олимпӣ гардид.

Соли 1918 Осорхонаи мардумони Шарқ таъсис дода шуд.

Соли 1943 дар Маскав дар натиҷаи баргузории конфронс миёни Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Англия ва Чин оид ба таъсиси СММ шартнома ба имзо расид.

© REUTERS / OGNEN TEOFILOVSKI
Флаг НАТО

Соли 1959 дар натиҷаи пай дар пай ба амал омадани заминҷунбӣ ва тӯфон дар Мексика 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1974 дар Лондон китоби Чарл Чаплин "Зиндагии ман дар филм" ба нашр  расид.Соли 1995 америкоиҳо нахустин маротиба ҳайати иборат аз 8 нафарро ба кайҳон фиристоданд.

Чарли Чаплин и Джеки Куган в фильме «Малыш»
Чарли Чаплин

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Клуби сиёсатшиносони ҷавони УрОсиё баргузор гардид.

Рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 - дар Тоҷикистон пули миллӣ ба сомонӣ иваз шуд.

Таджикские сомони и рубли, архивное фото
© Sputnik
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Соли 2011 - Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омад.

Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар
© Sputnik / Максим Богодвид
Визит принца Карим Ага-Хана IV в Болгар

Соли 2012 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ мактаби нави замонавии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон муовини вақти  вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфт.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.

Флаги СНГ, архивное фото
© Sputnik Стас Этвеш
Флаги СНГ, архивное фото

Соли 2015 масоили гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 октябр

  • Рӯзи меҳнат дар Зеландияи Нав

Рӯзи 30 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1926 олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.

Соли 1946 фаъоли ҷамъиятӣ Файзулло Абдуллоев.

40
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон