Мастчоҳ соҳиби се автомашинаи ёрии таъҷилии нав шуд

© Пресс-служба министерства здравоохранения Республики ТаджикиситанМинздрав Таджикистана при поддержке Всемирного банка приобрел 20 автомобилей скорой помощи
Минздрав Таджикистана при поддержке Всемирного банка приобрел 20 автомобилей скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ се автомашинаи ёрии таъҷилии нав туҳфа кард

ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Дар доираи амалишавии “Лоиҳаи  беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ба кормандони кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мастчоҳ 3 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, мошинҳои нави ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тибби ноҳия супорида шуд. 

Минздрав Таджикистана при поддержке Всемирного банка приобрел 20 автомобилей скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ 20 мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ кард

“Ҳар  кадоме  аз ин автомашинаҳо 28 ҳазор доллари амрикоӣ қимат дошта, дастрасшавии онҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ туҳфаи хубе ба мардуми ноҳия мебошад”, -таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи равон вазири тандурустӣ ба муассисаҳои тиббии навоҳии дурдаст  -Деваштич, Мастчоҳ, Фархор, Данғара, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ишкошим 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим кард.

Мошинҳои мазкур, ҳар яке бо нархи 282 000 сомонӣ баробар ба 30 000 доллари ИМА, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардааст,  харидорӣ шуданд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, мошинҳои мазкур аз ҷониби ширкати “Ормон” ворид шуда, тамғаи “Фотон”, истеҳсоли корхонаи мошинсозии Чин, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0