Памир, архивное фото

Обуҳавошиносон: ҳавои беборишу тағийрёбанда дар назар аст

37
(Таҷдидшуда 10:13 29.12.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағийрёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда,   шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда    шуда, охири рӯз боридани борон дар назар аст.    Ҳаво шабона 0+5  ва рӯзона     11+16  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз -3-8  то  -14 дараҷа сард,  рӯзона 1+6,  дар шарқи ин вилоят шабона -19-24  ва рӯзона 3-8  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти ғарб 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7  ва рӯзона аз  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона   11+16  дараҷа гарм хоҳад шуд.

37
Барчаспҳо:
бебориш, тағйирёбанда, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана

“Имконият Ховар” барҳам хурд

0
(Таҷдидшуда 02:26 05.08.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар” хабар дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ дар асоси моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” дархости ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”- ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи 3 августи соли равон қабул шудааст .

Манбаъ қайд кардааст, ки мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Имконият Ховар” барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

0
Барчаспҳо:
"Ховар", ташкилоти қарзии хурд, ташкилот, бонк, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Портфель с документами

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир фаъолияти беш аз 12 ҳазор соҳибкор қатъ гардид

45
(Таҷдидшуда 02:16 05.08.2020)
Ожонсии омори Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 600 фаоли бахши хусусӣ иҷозатномаи фаъолияти худро лағв кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ қтӣ карданд.

Гуфта шудааст, ки аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр кардааст, ки дар ин давра инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуд.

Тибқи иттилои Ожонсии омор шумори субъектҳои хоҷагидории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли равон 333 ҳазор ададро ташкил дод, аз ҷумда 35,5 ҳазор - шахсони ҳуқуқӣ ва 298 ҳазор - соҳибкорони инфиродӣ.

Теъдоди умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,8% ё худ 6 ҳазор адад афзуд.

Шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шуд, аз ҷумла соҳибкорони ифиродии тибқи гувоҳнома фаъолиятдошта - 1,4 ҳазор адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - 5,2 ҳазор адад афзуда, теъдоди соҳибкорони инфиродии мувофиқи патент амалкунанда 357 адад кам шуд.

45
Барчаспҳо:
фаъолият, Ожонси омор, иҷозатнома, соҳибкор, Тоҷикистон