Мэр Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото

Тӯҳфаи солинавии Рустами Эмомалӣ ба тарбиятгирандагони мактаб интернатҳои пойтахт

127
Шаҳрдории Душанбе дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон барои наздик ба 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоат барномаи фарҳангӣ ташкил кард

ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Имрӯз дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти унвони “Шаҳри орзуҳо” барномаи рангини консертӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, дар баробари тамошои барномаи рангини консертӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунармандони Сирки давлатӣ ба тарбиятгирандагон аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Барномаи солинавиро муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодӣ ба тарбиятгирандагон расонид.

“Бачагони азиз, соли равон бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  барои Шумо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон бунёд карда шуданд. Шумо, кӯдакони даврони Истиқлолият, ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат ва  Ҳукумати мамлакат  қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳи он бебаҳра нахоҳед монд”, - гуфтааст Рустами Эмомалӣ дар номаи табрикотиаш. 

Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар барномаи фарҳангии мазкур қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоат иштирок намуданд.

127
Барчаспҳо:
Сирк, пойтахт, Душанбе, шаҳрдорӣ, тӯҳфаҳои солинавӣ, базми солинавӣ, қадрдонӣ, Рустами Эмомалӣ, душанбе, Тоҷикистон