Ифтитоҳи дидбонгоҳ ва гузаргоҳи марзӣ дар Суғд аз тарафи Раҷаббой Аҳмадзода

Ифтитоҳи дидбонгоҳу гузаргоҳ марзӣ дар вилояти Суғд

296
Дар вилояти Суғд ду иншооти муҳими стратегӣ - дидбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло” ва гузаргоҳи сарҳадии “Сурх” ба истифода дода шуд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба шаҳри Исфара рафта, дар маросими ифтитоҳи ду иншооти муҳими стратегӣ - Дидбонгоҳи сарҳадии “Хоҷаи Аъло” ва гузаргоҳи сарҳадии “Сурх” ширкат варзид.

Раиси вилояти Суғд якҷоя бо сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-майор Назар Аслам Тӯра ва роҳбарияти шаҳри Исфара ин иншооти муҳимро мавриди истифодаи сарҳадбонон қарор доданд.

Дидбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло" дорои хобгоҳ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурии низомию хоҷагидорӣ буда, дар шафати он бинои истиқоматӣ, иборат аз хонаҳои 2 ҳуҷрадор барои 4 оилаи афсарон низ бунёд гардидааст.

“Дидбонгоҳро тибқи фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд сохтмончиёни ширкати сохтмонии “Исфара” бунёд намудаанд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,  -таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд 28 декабри соли равон гузаргоҳи сарҳадии “Сурх”-ро ифтитоҳ бахшид. Фармоишгари ин иншоот низ Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд буда, арзиши корҳои анҷомдодашуда 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

296
Барчаспҳо:
маросими ифтитоҳ, марз, гузаргоҳ, дидбонгоҳ, Раҷаббой Аҳммадзода, вилояти Суғд, раиси вилояти Суғд, Тоҷикистон