Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт

Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт

2948
(Таҷдидшуда 13:54 31.12.2018)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар арафаи Соли нави мелодӣ ба аёдати собиқ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рафт

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар арафаи Соли нави мелодӣ ба шаҳри Бӯстон рафта, собиқадори меҳнат ва собиқ сарвазири кишвар Оқил Оқиловро аёдат карду ӯро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

"Дар аснои суҳбат Раиси вилоят аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ кард”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода, ба шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадорони меҳнат аз шаҳри Исфара Лидя Қосимова ва Бону Солиева, собиқадор аз шаҳри Бӯстон Ҷӯра Шокиров ва собиқадор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Санавбар Мирхолиқова хабар гирифта, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт ва ба ҳар кадоме кӯмакҳои моддӣ расонид.

2948
Барчаспҳо:
вилояти Суғд, Суғд, собиқ, сарвазир, нахуствазир, Раҷаббой Аҳммадзода, Тоҷикистон
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Як фавт ва 40 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз

17
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус 1 нафари дигар ҷон бохт. Акнун теъдоди умумии қурбониён ба 81 нафар расид

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 22 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10653 нафар расид.

Манбаъ меафзояд, дар як шабонарӯзи охир 56 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9724  (91,3%)  баробар гардид.

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин фавти як маризи коронавирусро дар шабонарӯзи ахир тасдиқ кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

17
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Комроншох Устопирён

Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

43
(Таҷдидшуда 18:20 22.10.2020)
Сафари ҳарду низ ба ин мусобиқаи пурнуфуз лағв шудааст. Яке бо далели набудани парвоз ва дигаре бо сабаби коронавирус натавонистанд дар сабқат ширкат кунанд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков, ду варзишкори тоҷик, ки бояд Тоҷикистонро дар озмуни Grand Slam Hungary дар Венгрия намояндагӣ мекарданд, дар сабқат иштирок намекунанд.

Ин хабарро ба АМИТ "Ховар" аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон тасдиқ кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Комроншоҳи Устопириён бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ ба макони баргузории мусобиқа сафар карда натавонист.

"Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар бадани мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба дзюдо  баъд аз эҳёи рақобатҳо аз намуди дзюдо бе иштироки паҳлавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Мавқеи Сомон ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ як зина поён шуд

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи  Гранд Сламро  рӯйдоди таърихӣ хондааст.

Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13  декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад.  Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

43
(1:15 / 8.75Mb / просмотров видео: 125)

Боздошти зодаи Осиёи Марказӣ: дар Маскав теракт омода мекард - видео

0
ФСБ навори боздошти зодаи Осиёи Марказиро, ки қасд доштааст дар Маскав теракт омода кунад, нашр кард

Ҷавон аз осиёи Марказӣ, ки "дар яке аз биноҳои ҳукумати Маскав қасди амалӣ кардани ҳамлаи террористиро доштааст", рӯзи 22 октябр дастгир шуд.

Бино бар хабари расмӣ, гумонбаршаванда бо фарони ҷангҷӯён нақша доштааст, бо гузоштани бомб яке аз биноҳио ҳукуматиро тарконад.

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

Аз навор дида мешавад, ки ҷавон дар ҷангал боздошт шудааст. Дар махфигоҳи ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгоҳҳои худсохти тарканда пайдо кардаанд.

Дар баробари ин гуфтугӯи ӯ бо ҷангҷӯён ва дастур барои омода кардани бомб ва навори савгандёдкунии гумонбар ба пешвои ҷангҷӯён дарёфт шудааст.

Қайд мешавад, ки ҷавон соли 1999 ба дунё омадааст. Пас аз таркиш дар Маскав ӯ нақша доштааст ба Ховари Миёна бозгардад ва дар сафи террористон биҷангад.

0
Барчаспҳо:
боздошт, Маскав