Автозаправка, архивное фото

Дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ арзон шуд?

352
(Таҷдидшуда 16:49 31.12.2018)
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка то 10 дарсад поин оварда шуд

ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik.  Бо  супориши Ҳукумати  Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар арафаи Соли нави мелодӣ  нархи сӯзишвориро дар биржаҳои ҷаҳон  мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, хулосаи худро пешниҳод кардааст., иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар иқтибос ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.  

“Тибқи он,  дар бозорҳои кишвар нархи  маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка то 10 дарсад поин оварда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ. 

То ҳол дар  нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе  як литр гази моеъ то 4 сомониву 40 дирам, як литр бензини навъи 92 то 7 сомониву 90 ва бензини навъи 95 то 8 сомониву 20 дирам фурӯхта мешуданд.

Аммо ба иттилои хабаргузорӣ, ҳоло нархи як литр гази моеъ 4 сомонӣ ва бензин вобаста ба навъҳояш аз 7 сомониву 50 дирам то 7 сомониву 80 дирам муқаррар шудааст.

Қабл аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ қарор қабул карда буд, ки он барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад ва аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои  қарор идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.

352
Барчаспҳо:
арзоншавӣ, болоравӣ, бензин, сӯзишворӣ, нарх, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1748
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1748
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

802
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

802
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд