Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ

Файзов бурду бохти ВМКБ дар соли 2018 ва интизориҳо аз 2019-ро гуфт

271
(Таҷдидшуда 15:26 01.01.2019)
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳамватанонро бо фарорасии соли 2019 шодбош гуфта, изҳори умед кардааст, ки соли нав аз соли куҳан беҳтар хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Файзов мегӯяд, нияти поку орзуи нек ба фардои аз имрӯз беҳтар, ба зиндагии хуштар, ба тинҷиву ободии Ватан аз хубтарин хислатҳои инсонӣ дониста мешаванд, зеро замири инсон аз омолу нияти пок равшан мегардад ва он моро ба қуллаҳои мурод ва зиндагии орому осуда раҳсипор менамояд.

Ӯ афзуд, ки натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда барои мо ба ҳукми анъана даромадааст.

“Соли 2018 дар хотири мардуми Вилоят ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибистиқлоламон, соли дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоии вилоятамон нақш баст”, - изҳор дошт Файзов.

Ба гуфтаи Файзов, яке аз дастовардҳои шоистаи мардуми Бадахшон дар соли 2018 ин ғалабаи ақли солим ва бо роҳи сулҳомез таъмин гардидани волоияти қонун, ҳифзи музафарриятҳои миллӣ ва таъмини зиндагии осоишта барои мардум бо дастгирии раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

“Бо қаноатмандӣ гуфта метавонам, ки соли 2018–уми мелодӣ новобаста аз баъзе мушкилот ва нофаҳмиҳо барои мардуми шарифи Бадахшон соли пурфайзу бобаракат буд”, - изҳор доштаст раиси ВМКБ.

Ӯ изҳори умед дорам кардааст, ки минбаъд хам барои табдил додани Бадахшон ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон талош хоҳанд кард.

Файзов таманно кардааст, ки  Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардум соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.

271