Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Баҳси ду ҳамдеҳа ба кордзанӣ табдил ёфт

388
(Таҷдидшуда 12:05 02.01.2019)
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро барои кордзании ҳамдеҳааш дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 2 янв - Sputnik.  Кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии дигар шахс  дастгир карданд, иттилоъ додааст датари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 22-юми декабри соли 2018, тахминан соати 10 рӯз, дар маркази ноҳияи мазкур бо марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба пойи росташ задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

388
Барчаспҳо:
захми корд, Мастчоҳ, кордкашӣ, кордзанӣ, Тоҷикистон