Обуҳавошиносон ҳавои Тоҷикистон барои 3 январро пешгӯӣ карданд

© Amir IsaevНовогодний Душанбе
Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи ин ниҳод, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 8-13  ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳарорат шабона 23-28 ва  рӯзона 9-14 дараҷа сард мешавад.

“Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  8-3 дараҷа гарм мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш ва фаромадани туман пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона   8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш, шабона 1-3 дараҷа сард  ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад

Лентаи хабарҳо
0