Супориши Раҷаббой Аҳмадзода барои ташкили нуқтаи тиббӣ ва ситоди шабонарӯзӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Ташкили нуқтаи тиббӣ ва ситоди шабонарӯзӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

1181
(Таҷдидшуда 11:28 04.01.2019)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни як боздиди корӣ бо вазъи имрӯзаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар бораи ташкили нуқтаи тиббӣ ва ситоди шабонарӯзӣ дар шоҳроҳи мазкур супориш додааст

ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран зимни як боздиди корӣ бо вазъи имрӯзаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз наздик ошно шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилоят изҳор доштааст, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аҳмияти стратегӣ дорад ва он бояд дар тамоми сол, аз ҷумла фасли зимистон кушода бошад.

Рафаббой Аҳмадзода афзудааст, ки дар роҳҳои мошингарди минтақаҳои куҳӣ боришот бештар ба назар мерасад ва дар бархе ҳолатҳо мусофирону ронандагон ба кӯмаки табибон ниёз пайдо мекунанд.

Манбаъ таъкид нгамудааст, ки бо назардошти ин нукта Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки бо мақсади расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ дар ҳолатҳои зарурӣ дар минтақаи Шаҳристон ба таври муваққатӣ нуқтаи тиббӣ ташкил карда шавад.

Инчунин, Раиси вилоят ҳамзамон дастур дод, ки дар роҳҳои мошингарди ин минтақа ситоди шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, бехатарии ҳаракат дар шоҳроҳ таъмин карда шавад.

1181
Барчаспҳо:
ташкил, Раҷаббой Аҳмадзода, ситод, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

6
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимна ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

6
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон
Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото

Як фавт ва 40 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз

26
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон аз маризии сироятии коронавирус 1 нафари дигар ҷон бохт. Акнун теъдоди умумии қурбониён ба 81 нафар расид

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 22 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10653 нафар расид.

Манбаъ меафзояд, дар як шабонарӯзи охир 56 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9724  (91,3%)  баробар гардид.

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

Вазорати тандурустӣ ҳамчунин фавти як маризи коронавирусро дар шабонарӯзи ахир тасдиқ кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

26
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон