Девушка в наручниках, фото из архива

Боздошти шаҳрванди Русия дар Арманистон, ки дар Тоҷикистон ба одамфурӯшӣ айбдор мешавад

3340
(Таҷдидшуда 11:22 05.01.2019)
Шаҳрванди 20-солаи Русия Тахмина С., ки ба одмафурӯшӣ гумонбар дониста мешавад, ба пойтахти Арманистон тавасути ҳавопаймои Маскав-Ереван парвоз намудааст

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik.  Шаҳрванди Русия, ки дар пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ҷурми одамфурӯшӣ қарор дорад, дар шаҳри Ереван дастгир шуд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти пулиси Арманистон.  

Тавре пулиси Арманистон хабар додааст, духтари ҷавони дастгиршуда шаҳрванди 20-солаи Русия Тахмина С. мебошад, ки дар Тоҷикистон ба одамфурӯшӣ айбдор мешавад.

Ин ҷавон духтаре, ки тавасути ҳавопаймои Маскав–Ереван ба пойтахти Арманистон парвоз кардааст, 3 январи соли равон дар фурудгоҳи шаҳри Ереван “Звартнос” дастгир шудааст.

“Дар бораи дастгир шудани шахси мазкур ҷониби Тоҷикистон хабардор шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини 49-солаи шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд, ки зани тоҷикро ба Дубай фиристода ӯро бо зӯроварӣ ва таҳдид ба марказҳои дилхушии шаҳри Дубай бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст.

Гуфта мешавад, ки кормандони милитсия зани 49-солаи сокини шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамрабоӣ дастгир намуданд.

Ин зан ҳамроҳии "Расмия" ном бонуи дигаре моҳи июли соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии Душанбе даромада ваъда намудаанд, ки ӯро ба шаҳри Дубайи АМА ба кор мебаранд.

Ҳамин тавр рӯзи 29-уми июли соли 2017, барояш чиптаи ҳавопаймо ба самти Душанбе-Дубайро харидорӣ менамоянд.

Дар шаҳри Дубайи ӯро ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, барои пардохт намудани қарз ҷабрдидаро бо роҳи истифодаи зӯроварӣ ва таҳдид ба марказҳои дилхушии шаҳри Дубай бурда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун маҷбур мекунанд.

Бо ин роҳ занон ба манфиати худашон 5000-доллари амрикоӣ ба даст овардаанд.

Манбаъ афзуда, ки нисбати зани 49-сола аз тарафи Прокуратураи генералии  Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 130 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

3340
Барчаспҳо:
зан, дастгир, дастгиршавӣ, дастгирӣ, Арманистон, одамфурӯшӣ, Русия, Тоҷикистон
Отделение банка. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълон кард

21
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши асъори хориҷӣ - рубл, доллар ва евроро нисбат ба асъори миллӣ - сомонӣ барои имрӯз эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1450 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1470 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6862 то 11. 9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

21
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Бек Сабур куҷост? Суоли нобоби нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа

356
Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, боз дар нишасти матбуотии ин ниҳод ширкат накард. Муовинаш ин дафъа дақиқ гуфт, ки ӯ куҷост

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ширкат накардани раиси ин ниҳод дар нишасти матбуотиро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфт, мавсуф пайи иҷрои вазифаҳои хидматӣ аст.

“Раиси Хадамоти алоқа дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Кӯлоб қарор дорад. Ӯ бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ ба он ҷо рафтааст”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.

Адами ҳузури Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон яке аз суолҳоест, ки чанд сол ба ин сӯ дар нишастҳои матбуотӣ бо масъулини ин ниҳод матраҳ мешавад. Далели ба миён омадани ин суол ҳам ин аст, ки раиси Хадамоти алоқа дар қиёс бо дигар раҳбарони вазорату кумитаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунад ва бино ба иттилои расонаҳо, бо тиҷорату корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.

Як манбаъи огоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Бек Сабур тайи солҳои ахир бештар бо тиҷорат ва ҳам истифодаи заминҳои Хадамоти алоқа машғул буда, пешрафтҳое низ дар корҳояш доштааст.

“Ширкати сохтмонии ӯ - “Комил 2010” арзонтарин хонаҳоро барои муштариён ироа мекунад. Дар заминҳои деҳқониаш ӯ маҳсулоти ниёзи аввалро таҳия ва ба бозор мебарорад. Онҳое, ки бо ӯ наздиканд, аз корҳои хуби ӯ хуб огаҳӣ доранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Бек Сабур соли 2006 муовини аввал ва 28 феврали соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуда, то ба ҳол дар ин симат кор мекунад. Дар оғози фаъолияташ ӯ дар нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа ширкат карда, изҳороти ҷолиберо ироа мекард, ки ӯро дар сархати ахбори расонаҳо қарор медод.

Аз ҷумла соли 2012 ӯ сабаби қатъ шудани алоқаи телефонӣ ва интернет дар Бадахшонро “асобати тири шикорчӣ ба ноқил” арзёбӣ карда буд. Ё соле қабл ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки китобҳои Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти навини тоҷик, аз ҷумла “Марги судхӯр”, намунаи барҷастаи “тиҷорати қавӣ” мебошанд.

Ба эҳтимоли қавӣ, изҳороте аз ин гуна ва он ҳам аз сӯи раҳбари як ниҳоди ҳукуматӣ мӯҷиби ҳузур наёфтанаш дар нишастҳои матбуотӣ шудааст.

356