Хадамоти алоқа: нархи симкорт дар Тоҷикистон то ду моҳи оянда тағйир намекунад

© PixabayТелефон в руках, архивное фото
Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом кард, ки то ду моҳи дигар нархи симкорти телефони ҳамроҳ дар ин кишвар, тағйир нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба  "Топ Тҷ" иттилоъ медиҳа, ки нархи симкорт дар Тоҷикистон то ду моҳи охир тағйир намекунад.

Бино бар иттилои манбаъ, Бек Сабур, раиси хадамоти мазкур гуфтааст, ки коргурӯҳи вижаи ҳукуматӣ таъйини нархи симкорт дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин маврид тасмим нагирифта ва ба эҳтимоли зиёд дар моҳи март, ин мавзӯъ мушаххас хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳатто дар сурати афзоиши нархи симкорт ин афзоиш чандон зиёд нахоҳад буд.

 

Тобистони 2018 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тарҳи афзоиши ҳазинаи фурӯши ҳар адад симкорти телефони ҳамроҳ аз 5 ба 250 сомониро ироа кард, ки бо эътирози шадиди мардум рӯбарӯ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар, иҷрои ин пешниҳодро то авоили соли 2019 мамнуъ кард.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мӯътақиданд, афзоиши нархи фурӯши симкорт метавонад аз иваз кардани сареи он ва истифодаи террористҳо аз чанд симкорт ҷилавгирӣ кунад.
 

 

Лентаи хабарҳо
0