Таксиҳои Душанбе намои якранг мегиранд: Рустам Эмомалӣ пешниҳоди Қурбоновро қабул кард

© Сайт мэра города ДушанбеРустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе
Рустам Эмомали открыл мост в районе сино города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори Рустам Эмомалӣ таксиҳои шахсӣ ва ширкатҳои хизматрасон то мобайнҳои моҳи июн бояд худравҳои худро ба намои зоҳирии қабулгардида мутобиқ гардонанд

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки ғолиби озмуни таҳияи намои зоҳирии таксиҳои Душанбе муайян гардид.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, дар озмун лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номиакадемик Осимӣ, Қурбонов Бадриддин  ғолиб омад.

Ҳукумати пойтахт ба Қурбонов барои пешниҳоди лоиҳа 5000 сомонӣ мукофотпулӣ пардохт хоҳад кард.

Ҳамин тавр, тамоми таксиҳои шахсӣ ва ширкатҳои хизматрасон вазифадор шудаанд, ки то 15 июн худравҳояшонро ба намои ягонаи пешниҳодгардида мувофиқ гардонанд.

Қарори мазкур ба Маҷлиси вакилони халқи Душанбе пешниҳод мешавад.

Лентаи хабарҳо
0