Цветущий Душанбе, архивное фото

Зимистони нарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 13 дараҷа гарм мешавад

53
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар минтақаҳои кишвар ҳаво то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14   ва   рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22  метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона -1+4  ва рӯзона 7-12  дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои бебориш дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона     5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳарорат шабона 7-12 дараҷа сард ва  рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш мешавад.    Ҳаво   шабона 2-4 дараҷа сард  ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

53