Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, дар пойтахт фаромадани меғ дар назар аст

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе 28 ноября
Туман в Душанбе 28 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ карданд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik.  Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе шабона борони суст меборад. Рӯзона  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш  шуда, меғ мефарояд. Ҳаво  шабона 2-4 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона боридани борони суст дар назар буда, рӯзона бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0-5 ва рӯзона     7-12  дараҷа гарм мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, шабона боридани  барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва   рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 12-17  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд     рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 8-13  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0