Намояндагони ВАО, акс аз бойгонӣ

Раисон дар Суғд ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд

85
Роҳбарони идораву ташкилоти давлатӣ дар вилояти Суғд аз 28 январ то 15 феврали соли равон ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти вилоятӣ, шаҳру навоҳӣ ва сарраёсату раёсатҳо баргузор хоҳанд шуд.

Манбаъ афзуд, нишастҳои матбуотӣ бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ҳар сол ду бор баргузор мегарданд.

Роҳбарияти Суғд ҷадвали баргузории мулоқоти роҳбарони мақомоти давлатиро бо рӯзноманигорон тасдиқ кардааст, ки дар сомонаи ҳукумати вилоят дастрас мебошад.

85
Барчаспҳо:
супориш ба роҳбарон, рӯзноманигорон, ҳисобот, нишасти хабарӣ, в. Суғд, Тоҷикистон