Игра за компьютером, архивное фото

Аз талбандагӣ то дилхушӣ дар марказҳои букмекерӣ: ВКД 54 навраси оварагардро ошкор кард

166
Дар Тоҷикистон нисбати 29 волидон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар рафти рейди милисаҳо ошкор гардид, ки фарзандони бархе аз онҳо дар бозорҳо аробакашиву талбандагӣ мекунанд, бархеи дигар дар марказҳои компютериву букмекерӣ оворагардӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар пайи баргузории амалиётҳои вижа дар марказҳои компютериву букмекерӣ ва бозору кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар 54 наврасро ба Шӯъбаҳои маҳалии ВУД Тоҷикистон дастрас кардаанд.

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, амалиёт нишон дод, ки волидон, роҳбарияти марказҳои мазкур талаботи Қонуни Тоҷикистонро "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" нақз мекунанд.

"Дар аксар ҳолатҳо шабона наврасону ноболиғон дур аз хонаву оила дар марказҳои бозиҳои компютерию букмекерӣ ва дигар нуқтаҳои дилхушӣ ба корҳои зараровар машғул буданд. Дар бисёр ҳолатҳо волидони ин гуна наврасон ҳатто намедонистанд, ки фарзандонашон дар хона нестанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Кормандони ВУД 30 нафарро барои оворагардӣ, 17 нафарро аз марказҳои букмекерӣ, 7 нафар ва чанд ноболиғи дигарро барои  боркашонӣ дар бозорҳо, испандудкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо боздошт ва ба шуъбаҳои милитсия дастрас намуданд.

Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, нисбати 29 нафар волидони ноболиғони боздоштшуда бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Инчунин, 4 нафар наврасони оворагард дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД ҷойгир карда шуда, бо 12 нафари дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

166