Боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSСнегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок
Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандаи “Опел-Зефира” Азизҷон Юлдошев ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душабе-Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, марди 34-солаеро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори рӯзи 11-уми январ дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 11-уми январ, тахминан соатҳои 16:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Юлдошев Азизҷони 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷи ш.Истаравшан аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаааст.

Дар натиҷа, Азизҷон  пиёдагард Муъминов Зубайдулло Ҳабибуллоевичи 34-сола, сокини деҳаи Чавкандозро пахш мекунад.

"Дар натиҷа, пиёдагард Муъминов З.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Пештар  хабар дода шуд, ки 10 январ дар 123-юм километрии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ садамаи маргбор ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи боркаши “Мерседес”, ки барои кашонидани газ таҷҳизонида шудааст, аз баландии 100 метрӣ ба дарё сарозер гардид. Дар натиҷа ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бар асоси хулосаи пешакӣ ронандаро хоб бурдааст, аммо сабабҳои дақиқи рух додани ҳодисаро тафтишот муайян мекунад.

Ёдрас мешавем, пештар КҲФ ҳушдор дода буд, ки мусофирону ронандагон рӯзҳои 10-12 январ аз сафар ба минтақаҳои мушкилгузар худдорӣ кунанд.

"Бо сабаби боришоти шабонарӯзии охир ҳоло дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хатари фаромадани тарма ва резиши санг баланд буда, эҳтимолияти рух додани садамаҳои нақлиётӣ низ меафзояд. Тибқи маълумот, дар натиҷаи боришоти барфи зиёд ҳаракат дар роҳҳои мошингарди кӯҳӣ мушкил ва хатарнок боқӣ мемонад", - гуфта мешуд дар иттилои манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0