Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе

Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон борону барф меборад

103
(Таҷдидшуда 09:44 15.01.2019)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе  боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст.  Ҳаво  шабона 2-4 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи шиддатнок   дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4   ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 1-6  ва рӯзона    -1+4  дараҷа сард  мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок буда, боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо барфи шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12, инчунин то 18 дараҷа ва   рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 22-27 ва рӯзона 7-12  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона  6-11  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона -3+2  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Дар баландии 2000 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар   доманакӯҳҳо шабона -2+3  ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм  мешавад.

103
Барчаспҳо:
борону барф, гармии ҳаво, сарди ҳаво, обу ҳаво, Тоҷикистон