Нож в руке

Марди 56-сола мехостааст собиқ ҳамсарашро ба қатл расонад

113
(Таҷдидшуда 12:20 15.01.2019)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар пойтахти кишвар марди 56-соларо дастгир намуданд, ки барои таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия пойтахт марди 56-солаи сокини кӯчаи Шевченкои ноҳияи Шоҳмансурро дастгир намуданд, ки қасд доштааст ҳамсари собиқашро ба қатл расонад.

Шахси дастгиршуда дар таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 13-уми январи соли равон, тахминан соати 20:00- дақиқа, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш дар хонаи истиқоматиаш бо собиқ ҳамсараш, зани 54-сола ҷангу ҷанҷол намуда, дари ҳуҷраро зада шикаста, сипас аз болои миз як адад корди ошхонагиро гирифта ба гулӯи зани номбурда зер намуда, таҳдиди куштан намудаааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишотро идома доранд.

113
Барчаспҳо:
қатл, сӯиқасд, ҳамсар, милитсия, ВУД Тоҷикистон, Тоҷикистон