Сироджиддин Мухриддин, архивное фото.

Вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон боз масъалаи марзиро баррасӣ карданд

100
(Таҷдидшуда 14:28 15.01.2019)
Дар ҳошияи баргузории Муколамаи “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Самарқанди Узбакистон мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии, Қирғизистону Қазоқистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории Муколамаи “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷударо баррасӣ кард.

Аз ҷумла ҷонибҳо дар бораи ҳалли масоили делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ ва мушкилоти минтақаҳои наздисарҳадӣ табодули афкор намуданд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни мулоқот бори дигар ба  зарурати худдорӣ аз амалҳои якҷониба бидуни ҳамоҳангӣ дар минтақаҳои баҳсноки сарҳадӣ, паст намудани шиддат байни аҳолии он минтақаҳо, ҳар чӣ зудтар имзо намудани Аҳднома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии ду кишвар бо инобати хати сарҳади қаблан мувофиқашуда ва дигар масъалаҳо ишора кард.

Дар ҳамин ҳол, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати баргузории ҳамзамони ҷаласаҳои навбатии комиссияҳои байниҳукуматӣ доир ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ ва доир ба баррасии маҷмӯи масоили дуҷониба таъкид намуд.

Ҳамчунин вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон дар атрофи масоили мубрами обию энергетикӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, инчунин дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маорифу илм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, хостори тавсеаи ҳамкориҳо шуданд.

Инчунин Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири навтаъйини корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкулов маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла дастурҳое, ки роҳбарони ду кишвар ҳангоми вохӯриҳои дуҷониба ба сохторҳои дахлдор додаанд, мавриди баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки мақомоти марбутаи ду кишвар иқдомҳои заруриро ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми савдои мутақобила роҳандозӣ хоҳанд кард.

100
Барчаспҳо:
марз, Қирғизистон, ҳамкорӣ, вазири хориҷа, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)