Наручники одетые на  женщину

Духтари ҳамсоя аз "Мерседес"-и ҷавон 17 ҳазор сомониро дуздид

315
Як сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви Душанбе ба шӯъбаи милиса шикоят бурдааст, ки аз дохили мошинаш наздики 17 ҳазор сомониро дуздиданд. Ба иттиҳоми даст доштан дар ин қазия, духтари 19-сола сокини ҳамин кӯчаи шаҳри Душанбе дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Як духтари 19-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба иттиҳоми дуздии маблағ аз дохили мошин дастгир шудааст.

Бино бар иттилои ВУД Тоҷикистон, духтар шоми 15 январ аз мошини "Мерседес-Бенс"-и як ҷавони сокини ҳамин кӯча 16 ҳазору 680 сомониро дуздидааст.

"Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ариза марди 23-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев муроҷиат намудааст, ки рӯзи 15-уми январи соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 16 ҳазору 680-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - менависад дафтари матбуотии ВУД.

Тафтишот аз рӯйи ин қазия идома дорад.

315