Оиша, Муҳаммад, Зайнаб ва Умар: номҳои "мӯд" дар Душанбе

© PixabayРебенок, архивное фото
Ребенок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи омори САҲШ, дар Душанбе бештари володони барои кӯдаконашон номро аз Қуръон интихоб мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сокинони Душанбе барои кӯдаконашон назар ба номҳои миллӣ номҳои диниро авлотар медонанд, омадааст дар омори САҲШ-и пойтахт.

Мувофиқи маълумотҳои САҲШ, волидон кӯшиш мекунанд, ки номҳоро барои кӯдаконашон аз Қуръон интихоб кунанд.

Дар бархе аз ҳолатҳо, волидон агар номи гузоштаашонро аз Қуръон пайдо накарданд, ба САҲШ омада, талаб мекунанд, ки санадҳо тағйир дода шаванд.

Номҳои машҳур байни сокинони Душанбе дар соли 2018 Аҳдия, Ёсуман, Зайнаб, Марям, Осия, Оиша, Робия, София, Фотима ва Ясмина будаанд.

Байни номҳои мардона бештар Абдулло, Абӯбакр, Аҳмад, Билол, Довуд, Иброҳим, Муҳаммад, Умар Ҳайдар ва Юсуф "мӯд" гаштаанд.

Пештар дар Тоҷикистон рӯйхати номҳои миллӣ мунташир шуда буд, ки бештар аз 3000 номро дар бар мегирифт.

Гуфта мешуд, мақсад аз мунташир кардани ин рӯйхат эҳёи фарҳанги миллӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0