Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Обу ҳаво: ҳаво шабона дар шарқи ВМКБ 25 дараҷа сард мешавад

608
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, туман мефарояд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барф  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 20-25  ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.

Дар водиҳои вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф  меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва  рӯзона -1+4  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон рӯзона асосан ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -0-5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 3-8 ва инчунин то 11-13 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -2+3 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

608