Боздошти донишҷӯи курси 3 ба иттиҳоми дуздӣ дар Кӯлоб

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ ба хонаи як зани сокини шаҳри Кӯлоб даромада, 3000 сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1 адад гарданбанди нуқрагӣ, ки арзишашон 3200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Донишҷӯи курси 3-юм ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 42-солаи сокини шаҳри мазкуршикоят бурдааст.

Ба гуфтаи зан,  шаби 17 ба 18-уми январ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3000 сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1 адад гарданбанди нуқрагӣ, ки арзишашон 3200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи технологии шаҳри Кӯлоб бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. 

Тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0